Доситонии Қирғизистон мегӯяд, ки як зиндонбон дар фирори зиндониён даст дорад. Зиндониёни фироркарда аъзои гурӯҳи тундравҳои исломӣ будаанд, ки соли гузашта маҳкум ба зиндон шуда будаанд.
10 май дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ намояндаи доситонӣ гуфт, ки ба зиндонбон ришва додаанд ва вай моҳи октябр аз зиндоне дар наздикии Бишкек 9 зиндониро раҳо кардааст.
Додситон гуфт, ҳангоми фирор зиндониён 4 зиндонбонро куштаанд. 6 нафари фироркардаро дубора боздошт намудаанд ва 3 нафари дигараш дар ҷарёни боздошт дар тирандозиҳо кушта шудаанд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ду зиндонии дубора боздоштшуда аз сактаи қалб дар зиндон даргузаштаанд. Се нафари дигар барои куштор ва фирор аз зиндон дар мурофиаи додгоҳӣ муҳокима мешаванд.
Бар зидди ду нафари дигар низ барои додани паноҳгоҳ ба зиндониёни фирорӣ парванда боз шудааст ва онҳо ҳам ба мурофиа кашонда шудаанд.