Владимир Путин, президенти Русия ба Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ба хотири тасмимаш дар мавриди гузаронидани Иди ғалаба дар шаҳри Москва арзи сипос кард.
"Бешубҳа, ин нишонаи муносибатҳои хосу муттаҳидии мост. Барои мо ин хеле мақбул аст. Ин кори Шумо эътимоди моро тақвият бахшида, барои рушди минбаъдаи равобити дӯстонаамон шароит фароҳам мекунад", - иқтибос овардааст Хадамоти матбуотии Кремл аз суханони президенти Русия.
71-умин солгарди Ғалаба ба Олмони фашистиро дар Русия ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди шӯравии пешин ҳамчун "Рӯзи ғалаба дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ" ҷашн мегиранд. Украина аз 71-умин солгарди Ғалаба таҷлил мекунад. Бори нахуст имсол паради низомӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор нашуд.
Тибқи баҳогузориҳои ахир, дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (1939-1945) беш аз 50 миллион одам, аз ҷумла 27 миллион шаҳрванди Иттиҳоди шӯравии пешин кушта шудаанд.