Виталий Степанов, нафаре ки моҷарои истифода допинг дар варзиши Русияро ифшо кард, мегӯяд, сабти садои як мақоми варзишии Русияро дорад ва дар ин сабт ин мақом аз доруҳои мамнӯъ истифода бурдани дастикам 4 барандаи русиягии медалҳои тилои Олимпиадаи зимистонаи соли 2014 дар Сочиро эътироф мекунад. Степанов дар барномаи телевизионии “60 Minutes”-и Амрико гуфт, бо Григорий Родченков, раҳбари собиқи озмоишгоҳи допинги Русия сӯҳбат кардааст. Аммо ӯ аз бурдани исми варзишгарони муттаҳам ба истифодаи допинг худдорӣ кардааст. Степанов ҳамчунин гуфт, ки дар Олимпиадаи Сочи афсарони ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ҳамчун “нозирони допинг” кор мекарданд. Ӯ афзуд, “ФСБ талош дошт то ҳар иқдом дар раванди мубориза бо допинг дар Сочиро таҳти назорат бигирад.”
Бен Николс, сухангӯи WADA – Оҷонсии ҷаҳонии мубориза бо допинг – ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ин ниҳод мусоҳибаи Степановро баррасӣ кардааст ва иттиҳомоти эълоншударо “хеле изтиробовар” мешуморад. Дар пайи рӯ задани чандин моҷарои марбут ба допинг Оҷонсии мубориза бо допинги Русия барҳам дода шуд ва Маскав талош дорад, бо иҷрои талабҳои WADA роҳи варзишгарони аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрумшудаашро ба Бозиҳои олимпии моҳи август дар Рио-де-Жанейро боз кунад.