Таҷлили иди Ғалаба бо паради низомӣ дар Маскав

Таҷлили иди Ғалаба дар Қазоқистон. Алма-Ато, 9 майи соли 2016

Русия ва аксари кишварҳои Шӯравии собиқ рӯзи 9 май солгарди 71-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги дувуми ҷаҳонро таҷлил мекунанд. Нуқтаи авҷи ин таҷлилҳо паради низомӣ дар Маскав бо ҷалби беш аз 10 000 нафар ва ҳудуди 150 мошини низомӣ ва таслиҳоти дигар аст. Ин парадаро даҳҳо ҳавопаймо аз осмон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар Русия ҳамчунин дар Рӯзи Ғалаба маъракае бо номи “Полки абадзинда” доир мешавад. Дар ин маърака шаҳрвандон бо портретҳои хешовандонашон, ки дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ҷангидаанд, ба кӯчаҳо мебароянд. Олмони Адолф Ҳитлер дар соли 1941 ба Шӯравӣ ҳамла кард. Тайи чор соли ин ҷанг ҳудуди 20 миллион нафар аз ҷониби Шӯравӣ кушта шуданд. Аз Тоҷикистон низ ҳудуди 300 ҳазор нафар дар Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат карда, тақрибан 90 ҳазори онҳо ҷон бохтанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 639 ветерани Ҷанги бузурги ватанӣ ба сар мебаранд. Дар арафаи иди Ғалаба ба ҳар кадоми онҳо 4000 сомонӣ ҷоиза дода шуд.