30 сол ҳукми зиндон ба Максим Боқиев

Максим Боқиев

Максим Боқиев-писари хурдии Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон барои ҷиноятҳои иқтисодӣ 30 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Дар ин бора додгоҳи ноҳиявии Первомайски Бишкек ҳукми худро содир кард. Ба ҷуз аз Максим дар ин парванда ҳамчунин Сергей Ким, Денис Гладишев, Уляна Пак, Назира Иминова, Пулод Иминов ва Алексей Елисеев низ ҳастанд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Додгоҳи Олии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст. Максим Боқиев ин 30 соли ҳабсро дар зиндони дорои шароити сахт сипарӣ хоҳад кард. Шахсони дигар аз 8 то 20 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Соли 2014 худи Қурмонбек Боқиев, бародараш Жаниш Боқиев ва Дониёр Усенов-нахуствазири вақт ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд. Онҳоро барои даст доштан дар созмон додани кушторҳо, суиқасд барои куштор ва суистифода аз мақоми худ дар ҷараёни нооромиҳои моҳи апрели соли 2010 гунаҳгор эълон карданд.

Қурмонбек Боқиев дар Беларус мақоми паноҳандагӣ гирифтааст ва дар он ҷо ба сар мебарад ва писараш Масксим дар Британия иқомат дорад.