Нишоннаҳои "ташвиқкунанда"-и Ҳукумати нави Украина

Нишонаҳои наве, ки аз ҳукумати нави Украина мерасад, “ташвиқкунанда” аст. Дар ин бора намояндаи Сандуқи Байналмиллалии Пул хабар додааст.

Вақте ки бӯҳрони сиёсӣ дар Украина оғоз ёфт, Сандуқи Байналмиллалии Пул дар ихтиёри Киев гузоштани 17,5 миллиард доллар қарзро боздошта буд.

Маҳмуд Прадҳан -муовини раиси бахши аврупоии ин муассисаи молӣ дар Лондон ба хабарнигорон гуфт, мо иҷрои барномаи марбут ба ин қарзро ба зудӣ аз сар мегирем.

Вай гуфт: “Мо фикр мекунем, ки нишонаҳо аз омодагии ҳукумати нав барои иҷрои шартҳои барномаи кӯмак ва талошҳои онҳо дар ин роҳ хеле ташвиқкунанда аст”.Маҳмуд Прадҳан афзуд, намояндагони Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳафтаи оянда ба Украина мераванд, то ба таври расмӣ ин пешрафтҳоро бомӯзанд.