Эрдуғон: Қонун дигар намешавад

Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки Туркия ба хотири сафарҳои бидуни виза ба Аврупо қонуни зидди терроризмашро тағйир нахоҳад дод. Ин изҳороти рӯзи 6 май, як рӯз баъди таслими номаи истеъфо аз мақоми нахуствазир Аҳмад Довудоғлу садо дод, ки масъули музокирот бо Аврупо дар ин замина буд. Дар муроҷиаташ ба кишварҳои аврупоӣ Эрдуғон гуфт: “Мо бо роҳи худ меравем ва шумо ҳам бо роҳи худ биравед”. Иттиҳоди Аврупо аз Туркия дархост кард, ки қонуни терроризмашро дигар кунад ва дар посух шаҳрвандонаш метавонанд бидуни виза ба ин қора сафар кунанд. Эрдуғон гуфт, ки шарту шурути аврупоиҳоро қабул намекунад.