Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон имрӯз дар ҷаласае дар Остона дастур дод, ки барои назорати фазои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, вазорати иттилоот ва иртиботот таъсис дода шавад.
Дар ҳоли ҳозир танзими фаъолияти расонаҳо дар Қазоқистон бар дӯши кумитаи алоқа, иттилоърасонӣ ва иттилооти назди вазорати сармоягузорӣ ва рушд аст.
"Имрӯз вазифаҳои мазкур дар масъулияти вазорати ғайрисоҳавӣ ҳастанд. Дар ҳукумат касе ин бахшро ҳамоҳанг намекунад, маблағҳоеро, ки ҳукумат барои корҳои иттилоърасонӣ ҷудо месозад, касе назорат намекунад", - гуфтааст Назарбоев.
Ба вазорати нав мехоҳанд вазифаҳоеро монанди назорати фазои иттилоотии тамоми навъи расонаҳо, аз ҷумла нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ; омӯзиши афкори умум дар масъалаҳо ва мавзуҳои ҳассос, таҳлил ва ояндабинии талаботҳои иттилоотӣ ва интизориҳои сокинонро бидиҳанд.
Пештар аз ин назорати фаъолияти расонаҳоро дар Қазоқистон вазорати фарҳанг ва иттилоот бар дӯш дошт, соли 2010 ин ниҳод ба вазорати фарҳангу варзиш табдили ном кард ва вазифаҳояш миёни вазоратҳои дигар тақсим шуд. Аз соли 2010 ба ин сӯ фаъолияти расонаҳоро дар он кишвар кумитае дар дохили вазорати сармоягузорӣ ва рушд назорат мекард.