Маҷлиси Миллӣ "Рӯзи президент"-ро тасдиқ кард

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 5-уми май дар иҷлосияи худ тағйирот ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро қабул намуд. Бар пояи ин қонун 16-уми ноябр ҳамакнун ҳамчун "Рӯзи Президинти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад. Аъзои Маҷлиси Миллӣ дар ин муаррифии ин тағйирот гуфтаанд, ки он мутобиқ ба қонунҳои кишвар ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Рӯзи Президент дар Тоҷикистон бидуни рӯзи таътил таҷлил мешавад. Дар иҷлосияи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳамчунин дигар қонунҳо, ки қаблан аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар қабул гардида буданд, баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.