Дар шаҳри Маскав, назди девори Кремл ба пояи ёдгории шаҳр-қаҳрамони Киев, яке аз 12 шаҳр-қаҳрамоне, ки ин унвонро ба хотири нақши муҳим дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ соҳиб гардидаанд, гул гузошта нашудааст.
Дар ин бора шумори зиёди блогнависон бо нашри аксҳои ёдгорӣ, ки наздаш гул гузошта нашудааст, дар Интернет хабар доданд.
Ба ин тартиб, анъанаи доимии гулгузорӣ назди ёдгории ҳамаи "Шаҳр-қаҳрамон"-ҳо, ки бо далерию истодагарӣ зидди фашизми олмонӣ мубориза бурданд, дар арафаи Рӯзи ғалаба вайрон гардид.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои корбарони Интернет, ёдгориҳои шаҳр-қаҳрамонҳои дигар бо сабадҳои гул оро ёфтаанд. Аммо маълум нест, ин гулҳоро кормандони Кремл гузоштаанд, ё мақомотӣ шаҳрӣ ва ё сокинон.
Бархе аз корбарони интернет ин чизро ишора ба муносибатҳои душманонани Москваю Киев хондаанд.