Доналд Трамп-миллиардери амрикоӣ ва номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои номзад пешбарӣ шудан аз ин ҳизб наздик шудааст. Вай дар райгириҳои ҳизбии 3 май дар аёлати Индиана бо пирузии чашмгир рақиби худро аз муборизаҳои ҳизбӣ берун кард.
Бо ин пирузӣ акнун Трампро нигоҳ доштан аз номзадӣ имконпазир нест, зеро наздиктарин рақиби вай сенатор Тед Круз дар райгирии Индиана шикаст хурд. Замоне интизор мерафт, ки Круз дар ин аёлат ғалаба мекунад.
Бо хориҷ шудани Круз аз муборизаҳои интихоботӣ Рейнс Прибас-раиси Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Трампро “номзади эҳтимолӣ”-и ин ҳизб эълон кард ва аз ҷумҳурихоҳон дархост кард, ки “барои шикасти Ҳилларӣ Клинтон муттаҳид шаванд”. Вай ин суханонро дар сафҳаи твиттери худ навиштааст.
Демократ Ҳилларӣ Клинтон низ барои номзадӣ аз ҳизби худ наздик аст, вале дар аёлати Индиана райгирии ҳизбиро ба сенатор Бернӣ Сандерс бохт. Хонум Клинтон то ҳол 92 дарсадро барои номзадӣ ба даст овардааст ва мумкин аст дар дар ҳамоиши ҳизбӣ дар моҳи июл орои боқимондаро ба даст орад.