Хадиҷа Исмоилова хабарнигори озарӣ, ки барои Радиои Озодӣ ҳам кор мекард, рӯзи 3-уми май як ҷоизаи мӯътабари Созмони Милалро ба даст меорад. Хадиҷа моҳи гузашта сазовори ҷоизаи озодии матбуоти ЮНЕСКО ва Гиллермо Кано дар соли 2016 эълон шуд. Ҷоизаи мазкурро барои мусоидати барҷаста ба озодии матбуот дар шароити сахт тақдим мекунанд. Лилиана Зуровач, раиси ҷоизаи озодии матбуоти ЮНЕСКО ва Гиллермо Кано рӯзи 8-уми апрел гуфт, “Хадиҷа Исмоилова воқеан сазовори ин ҷоиза аст ва ман аз он хушҳолам, ки ҷасорат ва ҳунари ӯро қадр мекунанд.” Ҷоизаи 25 ҳазор долларӣ ба ифтихори хабарнигори колумбиёӣ Гиллермо Кано Исаза таъсис шудааст, ки ӯро рӯзи 17-уми декабри соли 1986 дар назди ҷойи кораш идораи рӯзномаи Эл Эспектадор дар шаҳри Богота куштанд. Хадиҷа Исмоиловаро дар Озарбойҷон бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум карданд ва ӯ айни замон дар зиндон аст. Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, мақомоти Озарбойҷон а бо зиндонӣ кардани Хадиҷа аз ӯ барои гузоришҳояш дар бораи фасодкории мақомоти баландпоя ниқор гирифтанд.