Мусодираи 2,5 тонна фулузот дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Дастаи марзбонони Лайлаки Қирғизистон аз қочоқи фулузоти аз Тоҷикистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар минтақаи Борбордукиноҳияи Лайлаки вилояти Боткенд шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳангоми вуруди ғайриқонунии 2,5 тонна фулузот боздошт шудааст.

Бар асоси Кодекси маъмурии Қирғизистон ин шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ҷарима ва фулузот мусодира шудааст.