Барномаи зиддиисломии ростгароҳои Олмон

Ҳизби шадидан ростгарои Олмон барномаи пешазинтихоботие қабул кард, ки меҳвари онро шиори "Ба ислом ҷой нест" ташкил дода, ҳамзамон талаб карда мешавад, ки муҳоҷират, бурқа ва манорасозӣ манъ гарданд.

Ҳизби "Ҷойгузини Олмони феълӣ" дар ҳоли ҳозир дар сегонаи ҳизбҳои пешсафи ин кишвар аст. Дар матни барнома омадааст, ки "ислом Конститутсияи моро эҳтиром намекунад ва ё ҳатто ба он мухолифат дорад. Ислом бо қонунгузорӣ ва фарҳанги мо созгор нест".

Ин ҳаракат се сол пеш пайдо шуда, ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчун сохтор шубҳа дорад. Мухолифони фаъоли қарори Ангела Меркел дар мавриди қабули гурезагон аз Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, аъзои ин ҳаракат шуданд.

Соли гузашта ба Олмон бештар аз 1 миллион гуреза ворид шуд. Дар анҷумани Штутгарт наздики 2 ҳазор узви ин ҳаракат барномаи мазкурро қабул карданд.