Пулис тазоҳуроти Қизилордаро пароканда кард

Дар маркази Қизилордаи Қазоқистон пулис ҳангоми таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ гурӯҳи сокинонеро, ки дар майдон зидди “фурӯш ва ба иҷора додани замин” изҳори назар мекарданд, пароканда кард. Ба қисме аз эътирозгарон пешниҳод карданд, ки дохили бинои театри ба номи Нартай Бекежанов шаванд ва дар он ҷо намояндаҳои мақомоти маҳаллӣ ба талабҳои онҳо гӯш доданд.

Дар бинои театр бо эътирозгарон муовини ҳокими вилояти Қарағандаи Қазоқистон Серик Кожаниёзов, котиби маҷлиси вилоятӣ Науриз Байқадамов, раҳбари бахши вилоятии ҳизби “Нур Отан” Ибодулло Куттикожа ҳамсӯҳбат шуданд. Фаъолони эътирозгар гуфтанд, ки тақдири заминро, ки моли халқ аст, бояд якҷо ҳал кард. Онҳо аз мақомот хостанд, ки аз гуфтугӯи ошкоро бо мардум парҳез накунанд.

Муовини ҳокими вилоят Серик Кожаниёзов гуфт, ки дар қонун ин ҳама пешбинӣ шудааст ва агар иҷоракор бо замин муносибати дуруст накунад, пас давлат ҳақ дорад онро бозпас гирад. Сӯҳбат дар бинои театр қариб як соат идома дошт ва сипас эътирозгарон пароканда шуданд.