Дар суханронии 1-май президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз хатари такрори ҷудоии миллӣ ба гунаи даргириҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Украина ҳушдор дод, ки баъд аз пайвастшавии Қрим ба Русия дар соли 2014 ҳукумати ғарбгарои украинӣ бо ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи кишвар мубориза мебарад.
“Иқтисоди Украина, ки дувумин кишвари бузурги пасошӯравӣ буд, ҳоло ба ними иқтисоди Қазоқистон баробар аст”, - гуфт Назарбоев дар суханрониаш бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ.
"Чунин вазъият аз он сабаб рух дод, ки кишвар ваҳдати миллӣ ва эҳсоси ҳадаф надорад, ҳеҷ вазифае иҷро намешавад, мардум бо кори дигар машғуланд: ҷанг бо ҳамдигар, куштор ва ҷанҷол”, - афзуд Назарбоев, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии раҳбарии Қазоқистонро дар даст дорад.
Дар ҳамин ҳол, эътирозгарон дар шаҳрҳои Қизилорда ва Жанаозен 1-уми май зидди нақшаҳои ҳукумат, ки мехоҳад аз 1-уми май заминҳои давлатиро барои шахсони алоҳида ба музояда гузорад, гирдиҳамоӣ карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, гирдиҳамоиҳо пароканда шуда, чанд эътирозгар дар Қизилорда аз тарафи пулис боздошт шуданд. Ҳарчанд бархе аз эътирозгарон ба назди мақомоти маҳаллӣ барои шикоят даъват шуда буданд.
Фаъолон ба муовини вилояти Қизилорда Серик Кожаниёзов гуфтанд, ки шаҳрвандон ҳақ доранд дар мавриди истифодаи заминҳои давлатӣ изҳори назар кунанд. Кожаниёзов посух дод, ки хусусисозии пешбинишуда қонунан асос ёфта, зарур аст, зеро онҳое, ки ҳоло соҳиби замин ҳастанд ба таври зарурӣ барои он ғамхорӣ намекунанд.