Шумораи ононе, ки дар яке аз шаҳрҳои марказии Покистон аз истеъмоли шириниҳои пӯхташудаи заҳрогин ҷон додаанд, ба 33 нафар расид.
Мақомот мегӯянд, ки 1 май дар минтақаи Карол Лаъл Эсан дар аёлати Панҷоб 10 нафари дигар даргузаштаанд, ки дар миёни онҳо 5 кӯдак низ будааст. 13 нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд.
Ин ширинивориҳоро дар дуконе фурӯхтаанд ва кӯдакон онро дар зодрӯзи як кӯдаки дигар истеъмол кардаанд.
Ҳоҷӣ Муҳаммад Ахтар-бозрасони пулис ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки ду молики дуконҳои ширинифурӯшӣ ва як корманди онҳо баъд аз ин ҳодиса боздошт шудаанд ва 2 май дар додгоҳ муҳокима мешаванд.
Ахтар гуфтааст, ки санҷишҳои лабораторӣ исбот кардааст, ки дар таркиби ин шириниҳо моддаи заҳрдор мавҷуд будааст.