Ҳалокати як сарбози Украина дар шарқи кишвар

Ҳукумати Украина рӯзи 1-уми май гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи ҷудоиталабон дар шарқи кишвар як сарбоз кушта шудааст ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳам ҷудоиталабон ва ҳам нерӯҳои Украина мувофиқат карданд, ки дар рӯзи Фусҳо ва Рӯзи байналмилалии коргарон созиши оташбасро риоят мекунанд. Олександр Мотюзяник, як сухангӯи артиши Украина гуфт, шаби 30-уми апрел ҷудоиталабон ба камингоҳҳои артиш дар чанд маҳал, аз ҷумла канораҳои шаҳри Донетск шиллик карданд. Ба гуфтаи ҷудоиталабон, ҳамлаҳо пеш аз ҳукми иҷро гирифтани созиши оташбас дар нимашаби 30-уми апрел сурат гирифтанд. Дар ҷанги дусола дар шарқи Украина то кунун бештар аз 9 300 нафар кушта шудаанд.