Таъини намояндаи расмии Попи Рум дар Тоҷикистон

Поп Франсис

Франсис Ассиси Чулликатт намояндаи расмии Попи Рум дар Тоҷикистону Қазоқистон таъин шуда, ба иттилои мақомоти Ватикан, базудӣ корашро дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ оғоз хоҳад кард.

Усқуфи аъзам Франсис Ассиси Чулликатт (Francis Assisi Chullikatt) сафир ё намояндаи расмии Попи Рум дар Тоҷикистону Қазоқистон таъин шудааст. Мақомоти Ватикан мегӯянд, ин қарори Поп Франсис рӯзи 30 апрел содир шуда, Ассиси Чулликат ба зудӣ ба кораш дар ду кишвари Осиёи Марказӣ оғоз хоҳад бахшид.

Чулликати 63-сола зодаи Ҳиндустон буда, дар гузашта, аз соли 2006 то 2010, ба ҳайси сафири Попи Рум дар Урдуну Ироқ кор кардааст. Расонаҳои мутааллиқ ба Ватикан мегӯянд, Ассиси Чулликат солҳо боз дар хидмати пайравони фирқаи католик қарор дошта, як муддат дар Созмони Милали Муттаҳид нозири доимӣ низ будааст.

Дар бораи барномаи кори сафири тозатаъини Попи Рум дар Тоҷикистону Қазоқистон ҷузъиёти бештар дода нашудааст ва маълум нест, ки ҷойи кори асосӣ ва истиқомати ӯ дар кадоме аз ин кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд?

Калисои католикӣ солҳо боз дар радифи ибодатгоҳҳои православӣ ва фирқаҳои дигари масеҳият дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Роҳиби калисои католики Душанбе Педро Лопес мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Душанбе боз дар Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, калисои католикӣ фаъол аст, ки дар он тақрибан 15 тан аз пайравони ин фирқа ибодат мекунанд.

Ба қавли Лопес, пайравони фирқаи католикӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ каме бештар аз сад нафаранд ва аксарияти онҳо шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Аммо таъини Ассиси Чулликат ба мақоми намояндаи расмии Попи Рум дар Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳолест, ки усқуфи аъзами пешини калисои католикӣ ва намояндаи Ватикан дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, моҳи июни соли 2014 расман ба фаҳшо ва дастдарозӣ ба ноболиғон айбдор шуда, баъдан дар ҳабси хонагӣ даргузашт.

Мақомоти Ватикан гуфтанд, Йозеф Веселовский 67 сол дошт ва солҳои охир аз беморӣ ранҷ мебурд. Йозеф Веселовский, ки пас аз анҷоми намояндагияш дар Осиёи Марказӣ ба ҳайси сафири Попи Рум дар Доминикан фаъолият дошт, ба иттилои мақомоти тафтишотӣ дар ивази маблағ ноболиғонро ба корҳои фаҳш ҷалб менамудааст.

Ба иттилои онҳо, аз компютери Веселовский беш аз 100 ҳазор навору расмҳои фаҳш бо иштироки ноболиғон ёфт шудааст.