Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли лафзии попи Рум ва Доналд Трамп


Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон аз Доналд Трамп, номзади интихоботи раёсати ҷумҳури ИМА ба шиддат интиқод кардааст. Доналд Трамп дар посух гуфтааст, зери суол бурдани эътиқоди худ аз сӯи як раҳбари мазҳабии ҷаҳон "шармовар" аст.

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон ва Доналд Трамп,номзади раёсати ҷумҳури Амрико вориди муҷодидаи лафзӣ шудаанд. Поп Франсиск пас аз поёни сафари худ ба Мексиса ба хабарнигорон гуфт, "шахсе ки ба ҷои пул сохтан, дар фикр бунёди девор аст, ҳар куҷо ки бошад, масеҳӣ нест."

Ин суханони Поп Франсис пас аз он баён шуд, ки хабарнигоре аз ӯ дар бораи барномаи Доналд Трамп барои сохтани девор дар марзи Амрико бо Мексика барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ пурсид.

Аммо суханони раҳбари католикҳои ҷаҳон бо вокуниши хашмолуди номзади раёсати ҷумҳури Амрико рӯбарӯ шуд. Доналд Трамп ин суханони Поп Франсискро "шармовар" хондааст. Ба гуфтаи ӯ, "пурсуҷӯ дар бораи эътиқодоти мардум, барои як раҳбари динӣ шармовар аст."

Номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ки бо баёнияҳои ҷанҷолӣ машҳур аст, чанд соат пас аз баёни ин суханон гуфт, ки ба поп "эҳтироми амиқ" дорад" аммо суханони қаблиашро пас намегирад. Оқои Трамп ҳамчунин бо нашри як акс аз девори калони атрофи Ватикан, бо киноя аз поп Франсис хостааст, то ин деворро аз байн бибарад.

Доналд Трамп, ки худро аз тарафи Ҳизби ҷумҳурихоҳ номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар соли 2016 кардааст, то ҳоло муваффақтарин номзади ин ҳизб дар назарсанҷиҳо ва интихоботи муқаддамотӣ будааст.

XS
SM
MD
LG