Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рамзи ҷашни 25-солагии таҷлил аз истиқлоли кишварро тасдиқ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ин рамз аз сӯи Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ин рамз давршакл буда, дар он се ранги парчами давлатӣ, тоҷу ҳафт ситора ва, инчунин, навиштаи "Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" нақш ёфтааст. Мақомот мегӯянд, ки ин рамзро ҳамаи вазорату кумитаҳо ва корхонаҳову мактабҳои олӣ метавонанд истифода бикунанд.
Ҷашни 25-солагии истиқлооли Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ таҷлил хоҳад шуд.