Муҳоҷири тоҷик худро овехтааст

Акс аз бойгонӣ

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, шоми 26 апрел ҷасади худро ба дор кашидаи як муҳоҷири 30-сола аз Тоҷикистонро дар манзиле дар хиёбони Энгелс пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ин мард худро дар ванна овехтааст. Ба гуфтаи пулис, ин муҳоҷир барои коркунӣ аз Тоҷикистон ба Петербург омада, дар Красное Село сабти номи расмӣ дошт. Тафтишот ба фарзияи худкушӣ бартарӣ медиҳад, чунки дар бадани ин мард кадом осори марги иҷборӣ мушоҳида нашудааст.Ҷасади муҳоҷири тоҷикро ба хотири таҳқиқи иллати маргаш ба сардхонаи Петербург бурдаанд.