Эътирозҳои зидди фурӯши замин дар Қазоқистон

Дар Атирауи Қазоқистон зидди тағйирот ба Кодекси замин намоиши эътирозӣ баргузор шуд. Эътирозгарон мегӯянд, тағйирот имкон медиҳад, ки хориҷиҳо заминҳои Қазоқистонро ба иҷора бигиранд ва ё бихаранд.

Наздики 1000 сокин рӯзи 24 апрел дар майдони Исатой-Маҳамбет дар маркази Атирау ҷамъ омада, аз тағйироти Кодекси замин, ки имкони фурӯши заминро фароҳам меорад, изҳори норизоӣ карданд. Эътирозгарон гуфтанд, ба ин тартиб замин ба хориҷиҳо фурухта хоҳад шуд, ҳарчанд ки ҳукумат инро рад мекунад. Раҳбарони шаҳру вилоят назди эътирозгарон омада, ба онҳо итминон доданд, ки тағйири кодекси замин ба истиқлолияти Қазоқистон хатар надорад. Раҳбарон ҳамчунин аз норозиён хостанд, ки пароканда шаванд ва дар эътирози ғайриқонунӣ ширкат накунанд.

Эътироз чанд соат идома кард ва ҷамъомадагон ба хулоса расиданд, ки барои расонидани талабашон то ба ҳукумат ва порлумони кишвар, ба ҳокими вилоят вақт бидиҳанд.

Тағйирот ба Кодекси замини Қазоқистон бояд 1 июл қуваи қонунӣ пайдо кунад. Тибқи он ҳукумат ҳақ дорад, ки заминро ба ширкатҳои муштараке, ки аз сӯи шаҳрвандони Қазоқистон идора мешаванд, фурӯшад. Ҳамчунин муҳлати иҷораи замин ба хориҷиҳо аз 15 то ба 25 сол мерасад.

Эътирозгарон барои баргузории намоиш 10 рӯз пеш ба ҳукумати шаҳр дархост фиристода буданд, вале ҳукумат ҷавоби рад дода буд.