650 қурбонии заминларза дар Эквадор

Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Эквадор аз марзи 650 нафар убур кард. Дар ин бора мақоми кишвар рӯзи 24 апрел хабар доданд. Айни ҳол 58 нафари дигар беному нишонанд.

Раисиҷумҳури Эквадор Рафаэл Корреа дар изҳороти ҳафтаиннаш аз тариқи телевизион аз кишварҳое, ки ба минтақаи офати табиӣ гурӯҳҳои наҷотбахшӣ фиристоданд, изҳори сипос кард. Гуфта мешавад, ки бо мадади наҷотбахшон беш аз сад нафар аз зери харобаҳо зинда берун карда шуданд.

Рафаэл Корреа ба ёди қурбониёни заминларза дар кишвар 8 рӯз мотам эълон кард.

Заминларзаи мудҳиш Эквадорро шаби 16 апрел такон дод. Садҳо биноҳо хароб шуданд. Ҳукумат ин заминларзаро шадидтарин баъд аз зилзилаи соли 1979 номидааст. Он вақт дар пайи заминларза 600 кас кушта ва 20 ҳазор сокини дигар маҷруҳ шуда буд.

Заминларзаҳо дар Эквадор идома доранд. Бори ахир зилзила дар соҳилҳои Эквадор субҳи 23 апрел рӯй дод. Ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, маркази заминларзаи нерӯяш 5,8 дараҷаи Рихтер дар 26 километрии ғарби шаҳри Муисне воқеъ буд.