Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ба сафари хориҷии шарӯза баромада, ба Арабистони Саудӣ, Бритониё ва Олмон меравад. Тавре рӯзноманигорони ҳамсафари Обама хабар доданд, президент дар роҳ ба Риёзи Арабистони Саудӣ аз пойгоҳи низомии Амрико дар Рамштайни Олмон дидан мекунад.
Кохи Сафед мегӯяд, бонуи аввали Иёлоти Муттаҳида - Мишел Обама дар Лондон ба раисиҷумҳур ҳамроҳ мешавад.