Лайло ва Ориф Юнус ба Ҳолланд расиданд

Лайло ва Ориф Юнус, ҳамсарони фаъоли ҳуқуқи башар аз Озарбойҷон баъди дарёфти иҷозати сафар, аз Боку ба Амстердам расиданд. Дар фурудгоҳи пойтахти Ҳолланд онҳоро духтарашон Динора Юнус пешвоз гирифт. Ҳанӯз моҳе пеш додгоҳе дар Боку ҳукм кард, ки ҳамсарон ҳақи сафар ба Аврупоро надоранд, ба хотири ин ки ҳукми онҳо – яъне озодии шартӣ ҳақи тарки кишварро намедиҳад. Моҳи августи соли 2015 ин фаъолони ҳуқуқи башар бо иттиҳомоти ба гуфтаи худи онҳо сохтаи ҷурмҳои иқтисодӣ ба 7 ва 8,5 соли зиндон маҳкум шуданд, вале баъди муддате ҳукм ба зиндони шартӣ иваз шуд ва онҳо ба озодӣ баромаданд. Аксари фаъолони ҳуқуқи башар маҳкумияти Лайло ва Ориф Юнусро сиёсӣ ва қасдгирии мақомот барои интиқоди онҳо аз ҳукумати Илҳом Алиев меноманд.