410 $ ҷаримаи донишҷӯи тоҷик дар Амрико​

Акси Фазлиддин Шарифов аз сомонаи Montana Kaimin

Фазлиддин Шарифов, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи Монтанаи Амрико, бо айби “дастдарозӣ” дар додгоҳ муҳокима шуда ва ба пардохти 410 доллар ҷарима муваззаф гардидааст. Бар асоси қарори додгоҳ, Шарифов, инчунин, 50 доллар арзиши бозрасиро пардохт карда, ҳаққи то 150 метр наздикшавӣ ба духтареро надорад, ки гӯё ба ӯ дастдарозӣ намудааст.

Ҳоло бо қарори додгоҳ ҳамагуна маҳдудият барои сафари Фазлиддин Шарифов бекор шуда ва шиносномааш ба ӯ баргардонда шудааст. Ба манзури ҷилавгирӣ аз имкони фирори ӯ аз Амрико дар ҷараёни бозрасӣ ва муҳокима дар додгоҳ шиносномааш мусодира шуда буд.

Фазлиддин Шарифов барои бӯсидан ва кашидани пироҳани роҳбаладаш дар донишгоҳ муттаҳам мешуд. Вале Мат Стевенсон, вакили дифои Фазлиддин Шарифов, айбномаи алайҳи зерҳимояашро “сохта” хонда ва гуфт, бештари даъвои духтари ҷабрдида дар додгоҳ собит нашудаанд. "Ин айбномаҳо баҳснок буданд ва мо собит кардем, ки Шарифов бегуноҳ аст. Аз ин лиҳоз, аз ҷумлаи панҷ айбнома чаҳортоаш дар додгоҳ рад гардид," – гуфт Стевенсон.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 23 марти соли ҷорӣ эълон шудааст. Ба қавли Стевенсон, феълан Фазлиддин Шарифов донишҷӯи Донишгоҳи Монтана ҳисоб ёфта ва дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад.