Мусодираи ҳудуди 6 кило симоб дар Душанбе

Корхонаи истихроҷи симоб

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду нафарро ба гумони қочоқи маводи кимиёӣ боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин вазорат, ду нафар, сокини 63-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 46-солаи Душанбе ба гумони қочоқи симоб дастгир шудаанд.

Дар маҷмӯъ аз ин ду нафар 5 килограмму 922 грамм маводи кимиёии симоб кашф ва мусодира шудааст.

Дар мавриди ин ҳодиса бо айбномаи “нигаҳдории ғайриқонунии маводи радиоактив” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.