Бӯҳрони Сурия дар сӯҳбати сарони Эрону Туркия

Реҷеп Тайип Эрдуғон ва Ҳасан Рӯҳонӣ-руасои ҷумҳури Туркияву Эрон 16 апрел дар Анкара мулоқоти расмӣ анҷом доданд ва дар он муноқишаи Сурия ва масъалаҳои тиҷорати дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Мавзеъгириҳои Туркия ва Эрон дар робита бо ҷангҳои Сурия аз ҳам фарқ дорад. Эрон, ки кишвари аксаран шиамазҳаб аст, аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҷонибдорӣ мекунад, вале Туркия, ки кишвари аслан суннимазҳаб аст, яке аз мунақиддони аслии Башор Асад ба шумор меравад.

Эрдуғон гуфт, бо вуҷуди мавзеъгириҳои мухталиф роҷеъ ба масъалаҳои минтақаӣ, Туркияву Эрон ба тавофуқ расидаанд, ки дар минтақа хунрезӣ хотима ёбад.

Ҳар ду кишвар баъд аз лағви таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон роҳҳои рушди тиҷорати дуҷониба ва роҳҳои беҳбуди робитаҳои бонкии худро ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар конфронси муштараки хабарӣ Эрдуғон гуфт, вай умедвор аст, ки тиҷорати миёни ҳар ду кишвар соле ба 30 миллиард доллар бирасад. Ҳоло ин рақам 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Рӯҳонӣ гуфт, ки баъд аз давраи таҳримҳо барои тавсеаи тиҷоратфурсати муносиб фароҳам омадааст.