Тахриби масҷиди "Ақсо" дар Ишқобод

Дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон масҷиди "Ақсо"-ро бо "булдозерҳо" тахриб карданд. Ин ҳаштумин масҷид аст, ки дар солҳои охир дар Туркманистон вайрон карда мешавад.

Маҳви беш аз нисфи масҷидҳои пойхтахти Туркманистон бар асоси қонуни нави дини ин кишвар, ки 12 апрел ба иҷро даромад, сурат мегирад. Ин қонун талаб мекунад, ки ҳар муассисаи динӣ бояд ҳуҷҷат дошта бошад.

Мақомоти он кишвар мегӯянд, масҷиди "Ақсо" 23 сол пеш бидуни иҷозатнома сохта шудааст. Ин ҳаштумин масҷид аз 14 масҷиди пойтахти Туркманистон ва атрофи он аст, ки дар солҳои охир вайрон карда мешавад. Дар ин ҷо калисоҳои насронӣ низ бо ҳамин далел тахриб шудаанд.

Масҷиди "Ақсо" дар ибтидои солҳои 90 бо сармояи сокинон бунёд шуда, то сад намозгузорро мегунҷонид. Мақомот дар мавриди тахриби масҷид бо сокинон машварат накардаанд ва ҷуброне ҳам напардохтаанд.