Насриддинов ба ҷои Ватанзода дар парлумон

Маҳмадалӣ Ватанзода дар гузашта раҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон буд

Эмомалӣ Насриддинов, декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, рӯзи 15 апрел ба ҷои Маҳмадалӣ Ватанзода раҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон шуд. Насриддинов ҳамагӣ панҷ рӯз қабл дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии рақами 1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт иштирок карда, пирӯз гардид.

Ин интихоботи минёдаврӣ ба хотири холӣ мондани ҷои Маҳмадалӣ Ватанзода дар парлумон баргузор шуд. Ватанзода ҳоло ёвари раисиҷумҳур ва намояндаи ӯ дар Маҷлиси Намояндагон аст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз Эмомалӣ Насриддинов ҳуқуқшиноси варзида ном бурд ва гуфт, ки ӯ аз соли 2011 то ин дам раҳбарии факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро ба ӯҳда доштааст.

Муаррифии вакили дигари тозаинтихоб Баҳодур Акрамзода низ рӯзи 15 апрел дар Маҷлиси Намояндагон сурат гирифт. Акрамзода дар интихоботи миёндаврии 10 апрел дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок карда ва вакил интихоб шудааст. Ӯ ба узвияти Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси Намояндагон пазируфта шуд.