Путин: Туркия барои русҳо бехатар нест

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Туркия барои сайёҳони рус бехатар нест ва ин кишвар тақрибан дар ҳоли ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад.

Ӯ дар гуфтугӯи мустақим аз тариқи телевизионҳои кишвар рӯзи 14 апрел раҳбарони Туркияро дар он айбдор намуд, ки ба ҷойи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Мо фикр мекунем, Туркия дӯсти мост, вале мо бо баъзе аз сиёсатмадорони он кишвар, ки рафторашон қобили қабул нест, мушкил дорем, афзуд Владимир Путин.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябри соли гузашта аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт. Аммо Русия пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва аз ин рӯ Туркия бояд гунаҳро ба гардан бигирад.

Дар робита ба авзоъ дар Сурия Путин гуфт, ки дар ин кишвари арабӣ бояд музокироти сулҳ анҷом ва Қонуни асосии нав қабул шавад ва дар пояи он интихобот баргузор гардад.

Раисиҷумҳури Русия ба мавзӯи таҳримҳои Ғарб ҳам дахл кард ва, аз ҷумла, гуфт, ки болоравии қимати маводи озуқа дар Русия падидаи муваққат аст ва бо таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ нарху наво ҳам пойин хоҳад рафт. Владимир Путин иқрор кард, ки иқтисоди кишвар дар вазъи бӯҳронӣ қарор дорад, вале, ба гуфтаи ӯ, аллакай раванди мусбат ба чашм мерасад ва интизор меравад, ки рушди иқтисод дар соли оянда 1,4 дар садро ташкил кунад.