Рӯшноӣ дар Марғоб - деҳае, ки умуман барқ надошт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъд аз як гузориши Озодӣ, ба хонаи сокинони деҳаи Марғоб дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон барқ омад. Ҳудуди 300 оила дар ин русто солҳо боз барқ надоштанд ва шабонгоҳ хонаҳояшонро асосан бо чароғ ё лампаи "бобоӣ" рӯшан мекарданд.

Ҷӯрахон, як сокини деҳаи Марғоб, рӯзи 14 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки соли гузашта баъд аз нашри хабар дар бораи бебарқии онҳо мақомот ба ин қазия таваҷҷуҳ кардаанд. "Ҳоло як қисмати аҳолии деҳа соҳиби барқ шудаанд ва кашидани симчӯбу васли нерӯи ба хонаҳои бахши дигари аҳолӣ идома дорад," - афзуд ӯ.

Ин сокини Марғоб гуфт, ки омадани барқ беш аз ҳама кӯдаконро хурсанд кардааст. Онҳо бо дидани чароғакҳои фурӯзон дар деҳаҳои ҳамсоя тааҷҷуб мекарданд ва ҳамеша дар орзуи рушноӣ буданд. Қаблан гуфта мешуд, деҳаи Марғоб бо 300 хонавода деҳаи калонтарини бебарқ дар минтақаи Кӯлоб аст ва барои мардуми ин деҳа ибораҳое амсоли "фурӯзонаки каммасраф", "лимити барқ" ва даҳҳо ибораи дигари марбут ба қувваи барқ бегонаанд.

Лолагул Бӯрихонова, вакили деҳаи Марғоб пештар дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, то паҳлӯи деҳаашон, ки 500 метр дурӣ дорад, симчӯбҳои қувваи барқ кашида шудааст, аммо барои то деҳаи онҳо расондани хатти барқ 32 ҳазор доллар лозим аст. Ба қавли вакили Марғоб, онҳо талош кардаанд, ин маблағро аз роҳи “ҳашар” ҷамъ кунанд, аммо зӯрашон нарасид.

Дар ин минтақа асосан рустоҳое барқ надоранд, ки дар манотиқи мушкилгузар ҷойгир шудаанд. Ин деҳаҳо аз шаҳри Кӯлоб дар фосилаи ҳамагӣ аз 50 то 200 километр воқеъ буда, аммо бо сабаби харобии роҳҳо иртиботи онҳо бо марказҳои маъмурӣ роҳат нест. Деҳаи Марғоб дар ҳамагӣ дукилометрии маркази ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дорад, вале то кунун муроҷиати сокинонаш барои васл кардани қувваи барқ амалӣ нашудааст. Радиоҳое, ки бо батерея кор мекунанд, ягона воситаи огоҳии ин мардум аз хабарҳои Тоҷикистону хориҷ будааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ дар нишасти хабарии соли гузаштааш гуфта буд, дар ин вилоят 116 деҳаву деҳкада умуман аз қувваи барқ маҳруманд. Танҳо дар минтақаи Кӯлоб 35 деҳа умуман қувваи барқ надорад ва деҳаи Марғоб калонтарини онҳо шуморида мешавад.

Давлатназар Холов, сардори идораи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, сабаби аз замони Шӯравӣ то ба ҳол бебарқ мондани ин деҳаҳо кам будани шумори аҳолии онҳост. Вале ҷаноби Холов гуфт, онҳо дар нақша доранд, давоми 1 соли оянда ин деҳаро бо ҳар роҳе бо нерӯи барқ таъмин кунанд.

Гузориши як сол пеши Озодӣ дар бораи бебарқии сокинони Марғоб: