Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд дидор ва мавзӯи мубориза бо хатару таҳдидҳои муосирро баррасӣ кардаанд. Торнамои расмии Вазорати корҳои Узбакистон навишт, ки мулоқоти Абдураҳим Қаҳҳоров ва Виктор Маҳмудов рӯзи 13 апрел ва дар ҳошияи нишасти шӯрои дабирони амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда ва роҷеъ ба як қатор масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар сурат гирфтааст. Инчунин, ҷонибҳо мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар муқобала бо хатару таҳдидҳои навро баррасӣ намудаанд.
Омодагӣ ба нишасти қарибулвуқуи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз дигар мавзӯҳои матраҳи дидори дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Узбакистон будааст. Қарор аст, нишасти сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24 июни соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шавад.
Аммо эҳтимол меравад, дар ин нишаст Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ширкат накунад. Иллати ин амр ба муноқишаи марзии ахир миёни Қирғизистон ва Узбакистон рабт дода мешавад.
Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд.