ИМА шиканҷа дар Узбакистонро маҳкум кард

Вазорати хориҷаи Амрико ниҳодҳои амниятии Узбакистонро дар "истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ дар қиболи боздоштшудаҳо" муттаҳам кардааст.

Дар гузориши ҷадиди ин вазорат, ки рӯзи 13 апрел мунташир шуд, ба "мавориди куштор бо шумули истифода аз шиканҷа" таъкид шудааст.

Дар гузориш омадааст: "Бино ба иттилои манобеъ, шиканҷа ва зӯроварӣ як ҳолати муқаррарӣ дар зиндонҳо, боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва идораҳои пулис" буда ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз лату кӯб, зӯроварии ҷинсӣ ва электрошок кор мегиранд.

Мудофеъони ҳуқуқи башар аз Вашингтон барои чашм пӯшидан аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар ба ҳангоми ҳамкорӣ бо Узбакистон интиқод кардаанд. Аммо мақомоти Амрико ин айбномаро рад кардааст.