Додситонӣ Mossack Fonseca-ро кофтукоб кард

Намояндаҳои додситонии Панама, ки машғули мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта мебошанд, бо гумони пулшӯӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ коргоҳи ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca-ро кофтукоб карданд.

Биное, ки дар он коргоҳи ин ширкат воқеъ аст, тӯли чанд соат аз тарафи пулис иҳота шуда буд. Дар баёнияи додситонии кулли Панама гуфта шудааст, ки ҳадафи кофтукоб “пайдо кардани ҳуҷҷатҳое буд, ки ба чопи матлабҳо дар расонаҳо вобаста буда, аз он бармеояд, ки ин ширкат барои фаъолияти ғайриқонунӣ истифода шудааст”. Ҳукумати Панама изҳор дорад, ки омодааст тамоми иқдомоти заруриро барои таъмини шаффофият дар ин бахши молии барои кишвар муҳим анҷом диҳад.

Mossack Fonseca иддао дорад, ки тамоми амалиёташ қонунист ва танҳо дар боз крадани ширкатҳои офшорӣ ба муштариёнаш кӯмак карда, ба фаъолияти чунин ширкатҳо аслан шарик нест. Ин ширкати ҳуқуқӣ иддао мекунад, ки худ ҳадафи иқдоми ҷиноятӣ қарор гирифтааст. Зеро компютерҳои ин ширкат рахна шуда, дар натиҷа миллионҳо ҳуҷҷат ба яғмо рафтаанд, ки дар ниҳоят дар расонаҳо чоп шуданд. Рӯзи душанбе бозрасоне, ки машғули тафтиши рахнаи интернетиянд, кормандони ширкатро бозпурсӣ карданд.

Иттиҳоди байналмилалии хабарнигорони пажӯҳишгар 3-уми март дар расонаҳои чанд кишвар ҳуҷҷатҳои Mossack Fomseca-ро чоп кард. Аз ин ҳуҷҷатҳо бармеояд, ки барои ташкили ширкатҳои офшорӣ аз кӯмакҳои ин коргоҳи ҳуқуқӣ намояндаҳои доираҳои ҳокими чандин кишвар, хешовандони онҳо, тоҷирон, варзишгарон ва санъаткорон истифода кардаанд. Дар ин рӯйхат чаҳор ширкати марбути Русия низ ҳастанд.