Мухолифон номзадии Жеенбековро дастгирӣ карданд

Сооронбай Жеенбеков

Ҷиноҳҳои аҳзоби мухолифини давлат дар порламон аз "Республика-Ата-Журт" ва "Бир Бол"- и Қирғизистон аз номзадии Сооронбай Жеенбековро ба мақоми нахуствазирӣ ҷонибдорӣ карданд.

Акнун номзадии вайро бояд кумитаи марбутаи порламон баррасӣ кунад. Сипас ин масъала барои баррасӣ ба намояндагони порламон фиристода мешавад. Интизор меравад, ки 13 апрел дар порламон барои номзадии вай райдиҳӣ сурат бигирад.

Жеенбеков то ҳол мақоми муовини раҳбари дафтари раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт. Номзадии вайро эътилофи аксарияти порламонӣ ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Ба ин эътилоф аз 6 ҷиноҳи порламонӣ чаҳортои он дохил мешаванд.

Ба сабаби номзад пешниҳод шудани Сооронбай Жеенбеков раиси порламони Қирғизистон Асилбек Жээнбеков аризаи истеъфои худро пешниҳод кардааст. Вай бародари Сооронбай мебошад.

Бино ба қонунҳои Қирғизистон хешовандони наздик ҳамзамон наметавонанд мақомҳои баланди раҳбариро ишғол кунанд.

Агар намояндагони порламон ба ҷонибдорӣ аз Сооронбай Жеенбеков рай диҳанд, раиси ҷумҳур дар ин бора фармонеро имзо ва нахуствазири нав ба ташкили кобинаи худ оғоз мекунад.

Темир Сариев-нахуствазири пешин 11 апрел бо хости худ аз мақомаш истеъфо дод.