Ҳайатҳои музокирот қарор гузоштаанд, ки дар Женева даври нави музокиротро оғоз кунанд ва ба ҷанги панҷсола дар Сурия хотима бахшанд, вале даргириҳои ахир комёбии ин музокиротро зери суол бурдааст.
13 апрел даргириҳо дар шимоли вилояти Ҳалаб дар остонаи ин музокирот шиддат ёфтааст. Нируҳои ҷонибдори давлат фишор ба шаҳри Ал Эйсро бештар кардаанд. Ин шаҳр дар назорати Ҷабҳаи Ан-Нусра қарор дорад. Ан-Нусра яке аз шохаҳои Ал Қоида мебошад.
Ҳадафи музокироти Женев, ки бо миёнҷигарии СММ баргузор мешавад, ташкили ҳукумати давраи гузор ва хатми ҷангест, ки ҷони 270 ҳазор нафарро гирифтааст ва нисфи аҳолии Сурияро овора кардааст.
Аз моҳи феврал то оғози ин даргириҳо бо миёнҷигарии Маскаву Вашингтон оташбаси ҷузъӣ риоят мешуд. Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ дар Нию Йорк ба хабарнигорон гуфт: “Дар айни замон нишонаҳое мушоҳида мешавад, ки ин оташбас лағжонак шудааст”.
Вай гуфт, ин даргириҳо кори Стефан Мистура-фиристодаи СММ-ро барои ташвиқи музокироти сиёсӣ душвор кардааст.
Аз сӯи дигар, ҳавзаҳои райдиҳӣ барои интихоби 250 намояндаи порламони Сурия боз шудааст. Дар ин интихобот 3 500 нафар нормзадҳои сабти номшуда ширкат меварзанд.