Толибон аз оғози 'ҳамлаҳои баҳорӣ' хабар доданд

Мулло Ахтар Мансур

Гурӯҳи Толибон зимни ирсоли як номаи электронӣ ба расонаҳо аз оғози ҳамалоти баҳории худ дар қаламрави Афғонистон хабар додааст. Ин ҳамалот, ки ба ифтихори Мулло Умар "Амалиёти Умар", раҳбари пешини Толибон, номгузорӣ шудааст, соати 5-и вақти маҳалии рӯзи 12 апрел шурӯъ гардидааст.

Дар ин нома таъкид шудааст, ҷиҳод алайҳи ишғолгарони амрикоӣ барои онҳо як вазифаи муқаддас ҳисбо меёфтааст.

Дар пайи интихоби Мулло Ахтар Мансур ба мақоми раҳбарии ҷунбиши Толибон даргириҳо дар Афғонистон шиддат гирифта ва гурӯҳи Толибон дар моҳи сентябри соли гузашта шаҳри Кундузро дар шимоли Афғонистон ба тасарруфи худ дароварда буданд.

Рӯзи гузашта бар асари ҳамлаи худкуши Толибон, ки савори мотосикл буд, 12 навсарбози артиши Афғонистон кушта шуданд. Пас аз чанд соати ин ҳодиса дар ҳамлаи дигари худкуши Толибон дар Кобул ду нафар ҷон бохтанд.