Раиси Верховная рада ва довталаби курсии нахуствазири Украина Владимир Гройсман ба ташкили ҳама мақомҳо дар ҳукумати нав тақрибан муваффақ шудааст. Дар ин бора сухангӯи ӯ Дмитрий Столярчук рӯзи 12 апрел дар Твиттер хабар дод.
Аз ин пеш Мустафо Найем, вакили Верховная рада аз “Эътилофи Петро Порошенко”, ба рӯзномаи “Украинская правда» хабар дод, ки Гройсман бар асари ихтилофи назарҳо оид ба кардҳо дар ҳукумат аз раҳбарии кобинаи вазирон сарпечӣ кардааст. Аммо баъдан вакили дигар ҳамин эътилоф Максим Курячий изҳор намуд, ки Найем дар робита ба нақшаҳои Гройсман бо шитобзадагӣ қазоват кардааст.
Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 10 апрел изҳор намуд, ки ӯ ба истеъфо меравад. "Ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми нахуствазир истеъфо диҳам. Аризаам дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 апрел ба Верховная Рада ироа мешавад», гуфт ӯ дар барномаи телевизионии "10 дақиқа бо нахуствазир».
Дар бораи сабаби истеъфояш Арсений Ятсенюк гуфт, ки бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар ба таври сунъӣ эҷод шудааст ва хоҳиши иваз кардани як шахс чашми сиёсатмадоронро хира намудааст, раванди тағйири ҳукумат бошад ба як дави бемаънӣ дар як ҷо табдил шудаст. Аммо ӯ аз сиёсатмадоре ном набурд.