Толибон "Амалиёти Умарӣ"-ро оғоз карданд

Толибони Афғонистон дар бораи шурӯи мавсими баҳории ҳамла ба нерӯҳои ҳукуматӣ ва хориҷӣ хабар доданд. Бино ба номаи электронии ҷунбиш, ки рӯзи 12 апрел ба расонаҳои хабарӣ расид, ҳамлаи баҳорӣ соати 5-и бомдод ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфтааст.

Ситезаҷӯён гуфтанд, ки маъракаи баҳорӣ ба ёди раҳбари пешини ҷунбиш Мулло Муҳаммад Умар “Амалиёти Умарӣ” номгузорӣ шудааст. Мулло Муҳаммад Умар се сол пеш аз олам даргузашт.

Дар изҳороти гуфта шудааст, ки ҷиҳод алайҳи ишғолгарони амрикоӣ – вазифаи муқаддас аст. Ҷанг дар Афғонистон 15 сол боз идома дорад.

Раҳбари нави “Толибон” Мулло Ахтар Мансур ҷангро дар Афғонистон густариш дод ва соли гузашта ҳатто барои чанд рӯз бузургтарин шаҳри воқеъ дар шимоли кишвар – Қундузро ишғол кард.

Рӯзи 11 апрел як маргталаби савори мотосикл дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ба автобус бо сарбозони навхати артиш ҳамла кард ва дар натиҷа дасти кам 12 нафар кушта шуданд. Соате пеш ҳамин гуна ҳамла дар Кобул мунҷар ба ҳалокати ду нафар шуда буд. Масъулияти ҳамлаҳоро толибон бар дӯш гирифтанд.