Ҷавоби сарвазир ба талаби истеъфояш

Сарвазири Қирғизистон Темир Сариев назарашро нисбати натиҷаи кори комиссияи депутатии омӯзиши қонуншиканӣ дар музоядаи бозсозии роҳи мошингарди Балиқчӣ-Тамчӣ-Чолпон-Ата-Қорумдуро баён дошт. Сарвазир назарашро дар “Фейсбук” навиштааст.

Ёдовар мешавем, ки ахиран комиссияи вакилони порлумонӣ қарор кард, натиҷаи таҳқиқи он дар порлумон баррасӣ шавад. Гузашта аз ин, 13-уми апрел дар порлумон масъалаи истеъфои раҳбари ҳукумат баррасӣ мешавад.

“Ҳукумат ҳамасола садҳо музояда баргузор мекунад. Соли гузашта танҳо вазорати нақлиёт ва мухобирот 23 музояда баргузор кард. Дар соли 2016 барои сохтмони 100 мактаб музояда баргузор хоҳад шуд. Тибқи қонунгузорӣ, раҳбари ниҳоди масъули давлатӣ дар ин кор шахсан ҷавобгар аст. Музояда барои бозсозии роҳи мошингарди Балиқчӣ-Қорумду бо ҳамин шева баргузор шудааст, ки ҷавобгариаш ба дӯши вазир аст”, - ёдовар шудааст Сариев.

“Ба унвони инсоне, ки ба ному обрӯи худ арҷ мегузорам, ба ин назар ҳастам, ки дар ин масъала шаффофият бояд таъмин карда шавад. Ин аст манфиатхоҳии ман дар ин масъала. Ман ҷонибдори тафтишоти ҳамаҷонибаи тамоми далелҳо ва муайян кардани ҳақиқат ҳастам. Нигаронии ман танҳо ба ин масъала робита дорад, ки сохтмони ин роҳи мошингарди муҳим ба хотири бозиҳои сиёсӣ метавонад қатъ шавад”, - хулоса кардааст сарвазир.