14-уми апрели соли ҷорӣ “гуфтугӯи мустақим бо Владимир Путин” баргузор мешавад. Зимни ин гуфтугӯ президенти Русия Владимир Путин ба саволҳои сокинони кишвар посух медиҳад.
Аз ҳафтаи гузашта қабули саволҳо ба президенти Русия шурӯъ шуда, мардум бештар мехоҳанд ба ин пурсишҳо посух бигиранд: оё воқеан вай соҳиби ду миллиард доллари дӯстони президент дар офшорҳои Панама мебошад, ки дар ин бора “Панама-гейт” – таҳқиқоти рӯзноманигорӣ хабар дод ва оё таъсиси Гвардияи миллӣ, ки шахсан ба ӯ тааллуқ дорад, нишони тарсаш аз табадуллот аст?
Ба саволи аввал вай то ҷое аллакай посух дода гуфт, ки “дар ҳуҷҷатҳои панамагӣ” исми вай нест ва афзуд, ки дар ин санадҳо ӯ нишонаҳои фасодкориро намебинад: