200 миллион доллари БРО барои тарҳи ТАПИ

Бонки рушди Осиё (БРО) мутмаин аст, ки бунёди лӯлаи газ аз Туркманистон то Покистону Ҳиндустон тавассути Афғонистон то соли 2020 поён меёбад. Саҳҳомони ин бонк рӯзи 8 апрел ба натиҷае расиданд, ки барои ин тарҳ 200 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд. Ҳаҷми умуми тарҳи ТАПИ (Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) 10 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Лӯлаи газ аз вилояти Ҳилманд, яке аз хушунатзадатарин вилоятҳои Афғонистон, мегузарад.

Шон О'Салливан, мушовири Дабири кулли Бонки рушди Осиё дар умури Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд иҷрои ин тарҳ мумкин аст. Агар ин тарҳ иҷро шавад, он намунаи бесобиқаи ҳамкории минтақаӣ хоҳад шуд, ба вижа, дар минтақае, ки он ҷо ҳамкорӣ кардан хело душвор аст, изҳор намуд О'Салливан.