Муовини собиқи ҳокими вилояти Қостаной Фрунзик Аракелян дар ришваситонӣ айбдор ва ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд.Бо ин парванда ду нафари дигар низ зиндонӣ шуданд.
Додгоҳ ҳамчунин дар нисбати раҳбари бахши хоҷагии манзиливу коммуналии ҳокимияти Қустанай Женис Шинкин ва мудири ширкати “СМУ-2010” Александр Бобровний ҳукм карда, онҳоро мутаносибан ба нӯҳ ва ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Онҳо дар дуздии моликияти гунаҳкор шуданд.
Дар додгоҳ гуфта шуд, ки 20-уми апрели соли гузашта Аракелян ҳамроҳи Шинкин дар ивази пораи баробар бо 300 ҳазор танга шартномаи бунёди истироҳатгоҳи яхиро ба як ширкати хусусӣ доданд. Ҳамчунин Шинкин дар гирифтану додани пора ва соҳибкории ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста шуд.