Бонки миллии Тоҷикистон моликони терминалҳои пардохтро муваззаф кард, ки аз ин ба баъд барои пешбурди ин навъи фаъолият, нахуст аз ин бонк муҷаввизи махсус дарёфт кунанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ рӯзи 6-уми апрел зимни муаррифии ин тарҳ дар назди вакилони парлумон гуфтааст, дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазору 900 нафар соҳиби терминалҳои пардохти пул ҳастанд.
Тибқи тарҳи тағйиру иловаҳои пешниҳодкардаи Бонки миллӣ ба қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ҳамакнун 3 ҳазору 900 нафар моликони ин терминалҳо бояд аз ин ниҳод муҷаввизи фаъолият дарёфт кунанд. Тибқи ҳамин тарҳи тағйиру иловаҳо, ҳамакнун бонкҳое, ки тибқи принсипи “бонкинги исломӣ” ба муштариёнашон хидмат мерасонанд, бояд нахуст аз Бонки миллӣ иҷозатномаи махсус бигиранд.
Бо қабул шудани ин тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, дар Тоҷикистон боз ду навъи дигари фаъолияти литсензионӣ зам шуд. Тибқи ин қонун дар Тоҷикистон 33 намуди фаъолияти литсензионӣ вуҷуд дошт ва бо қабул шудани тағйиру иловаҳои охир шумори фаъолиятҳои литсензионӣ ба 35 адад расид. Дар Тоҷикистон сокинон тариқи терминалҳои пардохт маъмулан пули телефон, об, барқ ва телефонҳои хонагиро пардохт мекунанд.