Дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани мусофирбари худрави навъи “Чанху” дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ду нафар ҷон бохта ва се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ҳодиса рӯзи 5 апрел ва дар пайи фаромадани санг рух додааст.
“Аз болои кӯҳ санги калон афтода, автомашинаро ба ҷарии чуқуриаш 83 метр чаппа намудааст,” - омадааст дар хабари расмии ВКД. Ин ниҳод мегӯяд, ин мошинро сокини 19-солаи шаҳри Хоруғ идора мекард ва ҳодиса ҳангоми ҳаракат аз самти “Боғи Ботаникӣ” ба самти кӯчаи Г.Имроншои шаҳри Хоруғ рух додаст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҳодиса ронанда ва як мусофири 20-сола аз Хоруғ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, се мусофири дигар, ки ду нафарашон аз Хоруғ ва як нафар аз Шуғнон будаанд, дар бемористон бистарӣ шудаанд.