AI: Афзоиши бесобиқаи эъдомҳо дар ҷаҳон

Созмони «Amnesty International» ё Афви Байналмилал аз панҷоҳ дар сад афзоиш ёфтани эъдомҳо дар соли гузашта назар ба соли 2014 изҳори нигаронӣ карда, онро аз соли 1989 то ба ҳол “бесобиқа” хондааст.

Бино ба гузориши созмон, ки рӯзи 6-уми апрел муаррифӣ гардид, соли гузашта дар кишварҳои гуногуни олам 1634 ҳукми эъдом иҷро шуд. Ба ин рақам шумораи қатлҳо дар Чин шомил нест, зеро он кишвар дар бораи эъдомҳо иттилоъ намедиҳад. Як сол аз ин пеш 1061 ҳукми эъдом иҷро шуда буд.

Муаллифони гузориши Афви Байналмилал навиштаанд, ки 89 дарсади эъдомҳо дар се кишвар -- Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ анҷом шудааст. Соли гузашта дар Эрон 988 нафар, дар Покистон 326 кас ва дар Арабистони Саудӣ 158 маҳкумшударо эъдом кардаанд. Гуфта мешавад, ки синни иддае аз эъдомшудагон замони содир кардани ҷиноят аз 18-сола пойин буд ва бар пояи қонунҳои байналмилалӣ онҳо кӯдак маҳсуб мешаванд.