Писари Мулло Умар соҳиби мақоми раҳбарӣ шуд

Толибони Афғонистон ба писари Мулло Муҳаммад Умар-муассиси ин ҷунбиши тундрав, ки аз беморӣ фавтида буд, яке аз мақомҳои раҳбариро додаанд. Толибон дар эъломияи 5 апрели худ гуфтаанд, ки Муҳаммад Ёқуб-писари калонии Мулло Умар раҳбари кумиссиюни низомии ин ҷунбиш таъйин шудааст.

Ёқуб ва амакаш Абдулманнон ба узвияти Шӯрои раҳбарии Толибон даромадаанд. Ҳар дуи онҳо моҳи июли соли гузашта ба интихоби Мулло Ахтар Мансур ба мақоми раҳбарии Толибон мухолиф буданд.

оҳи июли соли гузашта ҳукумати Кобул марги Мулло Муҳаммад Умарро ифшо кард, ки ду соли пеш дар Покистон даргузашта буд. Баъзе раҳбарони Толибон Мулло Мансурро муттаҳам карданд, ки марги Мулло Умарро пинҳон доштааст.

Таъйини наздикони Мулло Муҳаммад Умар ба мақомҳои раҳбарӣ мавқеи Мулло Мансурро, ки то ҳол дар дохили ин ҷунбиш мухолифони худро дорад, таҳким хоҳад бахшид.