Пулод Булбул-оғлӣ-сафири Озарбойҷон дар Русия изҳор дошт, ки талошҳо барои ҳали дипломатии муноқиша бо Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ самара набахшидааст ва ягона роҳи ҳал “роҳи низомӣ” мебошад.
Бино ба гуфтаи ин дипломат, ки аз шабакаи радиоии "Говорит Москва" сӯҳбат кардааст, 21 дарсади қаламрави Озарбойҷонро нируҳои мусаллаҳи Арманистон ишғол карданд. Ба ҳамин сабаб раҳбарони ин ду давлат замоне бар сари мизи музокира хоҳанд нишаст, ки агар нируҳои мусаллаҳи Арманистон Қарабоғи Кӯҳистониро тарк кунанд.
Вазирони дифои Озарбойҷон ва Туркия дар бораи вазъ дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Туркия изҳор доштааст, ки дар ин вазъият ҷониби Озарбойҷон ҳақ аст ва Туркия аз Озарбойҷон ба таври қотеъ ҳимоят мекунад.
Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон дар паёми телевизионии худ гуфт, ки аз ҷониби Арманистон 18 нафар кушта, 35 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, ҷониби Озарбойҷон 12 нафар талаф додааст ва як чархболи МИ-24 суқут кардааст, як тонк дар мина таркидааст.
Русия машваратҳо бо Фаронсаву Амрико ва ду ҳамраиси гурӯҳи Мински САҲА-ро оғоз кардааст, то роҳҳои ҳали мугоқишаи Қарабоғи Кӯҳистониро пайдо кунанд.